Последние новости фонда

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Подробнее


Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Подробнее


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

8 июли соли 2023 бо ташаббуси Филиали ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон" дар маркази ноҳияи дурдасти Лахш чорабинии идона вобаста ба таҷлили Рӯзи маъюбон баргузор карда шуд, ки дар он дар қатори масъулини марбутаи ноҳия роҳбарияти Фонди хайрияи "Лона" низ иштироки фаъол намуданд. Дар ҷараёни ин маъракаи расмӣ директори Фонди хайрияи "Лона" суханронии пурмуҳтаво намуда, 60 нафар аъзои фаъоли иттиҳодияи мазкур, аз ҷумла 30 нафар занони маъюбро бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ кард. Иқдоми неки мазкур, бешак, боиси рӯҳбаландии намояндагони ин қишри осебпазири ҷомеа гардид. Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти фонд зимни ин сафари кориашон ба ноҳияи Лахш инчунин аз камбудию норасоиҳои мавҷудаи маъюбони ноҳия хабардор шуда, ибрози умедворӣ карданд, ки дар оянда мувофиқи имкону тавони молӣ фонд ба онҳо кӯмакҳои мақсаднок расонида, ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.

Подробнее


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Имрӯз (01.06.2023) бо ибтикор ва ташаббуси Фонди хайрияи “Лона” дар Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии ҷашнӣ баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти фонд ва коршиносони соҳа ширкат намуда, дар робита ба масоили марбут ба ҳифзи кӯдакон ва аҳамияту зарурати таҷлили бошукуҳи ин ҷашн гузоришу суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд. Масъулини Фонди хайрияи “Лона” ҳамчунин аз Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 (ш. Душанбе) дидан намуда, бо тақдими туҳфаҳои хотирмони ҷашнӣ дар руҳбаланд сохтани табобатгирандагон мусоидат намуданд. Сипас, бо даъвати роҳбарияти фонд Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лухтак” дар Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши идона ташкил намуда, тавассути бозиҳои шавқовар ба кӯдакон табъи болидаи идона бахшиданд. Дар интиҳои чорабинӣ масъулини Фонди хайрияи “Лона” баҳри боз ҳам руҳбаланд сохтани табобатгирандагони Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои таъсиснамударо тақдим сохта, таъкид намуданд, ки ин ташаббуси некро идома медиҳанд ва дар ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва байналмилалӣ канори кӯдакон хоҳанд буд. Ёдовар мешавем, ки чун анъана, ҳамасола, 1 июн дар аксари кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мушкилотест, ки кӯдакон дар саросари дунё бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

Подробнее


Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

Рӯзи 17.04.2023 бо мақсади таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия, ки ҳамасола 17 апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, кормандони Фонди хайриявии "Лона" туҳфаҳои идонаву хотирмон таъсис дода, ҷиҳати тақдими минбаъда ба беморон, туҳфаҳои мазкурро ба намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Бояд тазаккур дод, ки Фонди хайрияи "Лона" ҳамкориҳои худро бо Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монда, инак соли дуюм аст, ки дар ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба ташкилоти мазкур кумаки амалӣ мерасонад. Фонди хайрияи "Лона" тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ бо ин ва дигар созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшад ва барои расонидани кумакҳои зарурӣ саъю талош намояд.

Подробнее


Имрӯз (04.04.2023) роҳбарият ва ҳайати кормандони Фонди хайрияи “Лона” аз Беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе дидан намуда, аз ҳолу аҳволи беморон аз наздик шинос шуданд. Ҳадаф аз ин боздид, дар рӯзҳои наврӯзӣ ва моҳи шарифи Рамазон руҳбаланд намудани беморон арзёбӣ мегардад. Масъулини Фонди хайрияи “Лона” барои кӯдакон, бузургсолон ва дар маҷмуъ барои тамоми табобатгирандагони ин бемористон туҳфаҳои хотримони ҷашнӣ ва рамазонӣ тақдим намуда, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани онҳо изҳори умедворӣ карданд. Дар арафаи тамоми иду ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ Фонди хайрияи “Лона” ба беморон, кӯдакон, афроди бесарпаноҳ ва ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чун анъана талош менамояд, ки ба қадри тавону имкон барои баровардани ниёзҳои онҳо мусоидат намояд. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз фурсат мехоҳад тамоми мардуми шарифи тоҷик ва мусалмонони оламро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намояд ва барои ҳамагон сабру шикебоӣ, саломатӣ, саодати рӯзгор ва зиндагии ободу осударо таманно намояд.

Подробнее


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

Бо ташаббуси Фонди хайрияи “Лона” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (15.02.2023) дар маркази мазкур бахшдиа ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони фонд ва марказ, кӯдакони таҳти табобат қарордошта, волидони онҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ беморони шифоёфта ва волидайни онҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва ғамҳориҳои доимӣ ба намояндагони фонд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади болидаруҳии иштироккунандагони чорабинӣ аз ҷониби Фонди хайрияи “Лона” дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии намунавии минатураи «Оина» ва ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо” намоиши театрии мазҳакавӣ ва рақсҳои ҷолиб баргузор карда шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуш истиқбол гардид. Иштирокчиёни чорабинии идона аз тамошои намоишҳо фароғати маънавӣ бардошта, дар рӯҳияи баланди идона ва табъи хушу хотири осуда ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони Фонди хайрияи “Лона” дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи мазкур ба кӯдакон анвои гуногуни ширинӣ ва туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро тақдим намуданд.

Подробнее


Новый 2023 год!

Имрӯз (29.12.2022) бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 кормандони Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе, ки дар он кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, боздид намуда, ба табобатгирандагон туҳфаҳои идонаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва лавозимоти тафреҳӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Фонди “Лона” изҳори қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории самимии худро иброз намуданд. Ин анъанаи неки Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ сурат гирифта, кормандони он дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф меоранд ва бо тақдими туҳфаҳои идона таваҷҷуҳи вижаи худро ба кӯдакон иброз менамоянд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонд ба ҳисоб меравад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2023 таҳният гуфта, ба тамоми беморон шифои комил таманно менамояд

Подробнее


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Имрӯз, 1 июни соли 2022 бо ташаббус ва дастгирии молиявии Фонди хайрияи “Лона” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 (ш. Душанбе) чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор карда шуданд. Дар ин чорабиниҳо роҳбарияти фонд ва мутахассисони соҳибкасби соҳа иштирок намуда, вобаста ба масъалаи ҳифзи кӯдакон ва аҳамияту зарурати таҷлили сартосарии ин ҷашн гузоришу баромадҳои пурмуҳтаво доир намуданд. Масъулини Шуъбаи саратоншиносии кудакона ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 ба роҳбарияти фонд ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста изҳори сипос намуда, ба идомаи ҳамкориҳои мутақобила дар ин самт таъкид намуданд. Ҳамзамон, барои болидарӯҳ кардани табобатгирандагон Фонди хайрияи “Лона” бо даъвати ҳунармандони саршиноси кишвар барномаи фарҳангӣ ташкил намуда, кӯдакони беморро бо тақдими туҳфаҳои ҷашнӣ ва ташкили рақсу бозиҳои шавқовар шод намуданд. Ёдовар мешавем, ки чун анъана, ҳамасола, 1 июн дар аксари кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мушкилотест, ки кӯдакон дар саросари дунё бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд.

Подробнее


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи солимии кӯдакон дар ҷаҳон ин ташхиси саривақтӣ ва табобати кудакони мубталои бемории саратон маҳсуб меёбад. Дар ин росто, аз соли 2002 инҷониб, дар беш аз 90 мамлакати дунё санаи 15 феврал ҳамчун Рӯзи байналмиллалии кӯдакони гирифтори бемории саратон қайд карда мешавад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, солона дар ҷаҳон кариб 200 ҳазор нафар кӯдакон гирифтори бемории саратон гардида, мутаассифона қариб 30 фоизи онҳо ҳалок мегарданд. Мақсади асосии гузаронидани Рӯзи байналмиллалии кӯдакони гирифтори бемории саратон ин баланд бардоштани сатҳи иттилоонокии духтурони кӯдакона, волидайн, ҷомеаи касбии тиббӣ, шаҳрвандони дорои масъулияти иҷтимоӣ оид ба муваффақиятҳо ва мушкилоти саратони кӯдакона мебошад. Рамзи мубориза бо касалиҳои саратони кӯдакона ин лентаи тиллоӣ мебошад, ки он рамзи бебаҳо будани кӯдакон ҳисоб меёбад. Дар ин замина, дар кишвари мо низ, ҳарсола, санаи 15 феврал бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон бо ибтикори Фонди хайрияи “Лона” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази мазкур чорабиниҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ (аз ҷумла, семинару конфронсҳо ва барномаҳои фароғатию фарҳангӣ) баргузор карда мешаванд. Дар кори ин чорабиниҳо, маъмулан, кормандони марказ, масъулини фонд, кӯдакони шифоёфта ва таҳти табобат қарордошта, волидайни онҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ва фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Имсол низ чунин чорабинӣ баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 10-нафар кӯдаконе, ки бо кумаки бевоситаи духтурони Марказ ва дастгирии Фонди хайрияи “Лона” аз бемории саратон шифо ёфта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштаанд, даъват шуданд. Онҳо аз муваффақияту пирӯзии худ бар бемории саратон ба дигар табобатгирандагони Марказ бо эҳсосот қисса карданд. Аз ин иқдоми нек волидони дигар кӯдакон, ки феълан фарзадонашон таҳти табобат қарор доранд, нерӯи тозаи равонӣ ва руҳияи нав гирифта, умедашон ба сиҳат шудани фарзандон бештар гардид ва ҳамагӣ мегуфтанд: “Мо низ пирӯз хоҳем шуд!”. Дар зимн, баъзе аз волидайни беморони шифоёфта суханронии пурмуҳтавою ҳаяҷоновар намуда, барои дастгириҳои пайваста ба духтурони Марказ ва масъулини Фонд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Бо ибтикори фонд бо мақсади болидаруҳии кудакон-бошандагони Марказ Театри давлатии «”Оина” ва ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо” даъват гардида буданд, ки бо намоишҳои шавқовари худ хотири кӯдаконро шод намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ, чун анъана, намояндагони Фонди хайрияи “Лона” дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи мазкур ба кӯдакон анвои гуногуни ширинӣ ва дигар туҳфаҳои таъсиснамудаи Фондро тақдим намуданд. Мусаллам аст, ки кӯдакон ояндаи дилхоҳ ҷомеа мебошанд ва пешгирии саривақтии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, таҷлили чунин ҷашну маросимҳои марбут ба ҳифзи саломатии кӯдакон барои калонсолон ниҳоят муҳиманд, зеро онҳо ба мо, бори дигар, ҳисси масъулиятшиносиамонро дар назди насли наврас хотиррасон менамояд. Мавриди зикр аст, ки Фонди хайрияи “Лона” бо Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 12 сол аст, ки дар ҳамкории пайваста ва зич қарор дошта, муассисаи мазкурро бо маводи дорувории гаронарзиши химиядармонӣ ва таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ таъмин менамояд ва дар оянда низ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ҳамкориҳои муштаракро дар ин самт таҳкиму густариш хоҳад дод.

Подробнее


Новый 2022 год!

Имрӯз (28.12.2021) бахшида ба Соли Нави 2022 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2022 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!

Подробнее


CELEBRATING INTERNATIONAL CHILDHOOD CANCER DAY

Today (15.02.2021) in honour of the International Childhood Cancer Day (ICCD) at the initiative of the Charity Foundation "Lona" and the Republican Scientific Cancer Center of the Ministry of Health and Social Protection of the Republic of Tajikistan a conference was held in this centre. The conference was attended by employees of the centre, employees of the foundation, children undergoing treatment, their parents, as well as media representatives. The opening speech was made by the Director of the Republican Scientific Cancer Center Huseynov Z.H. and the director of the “Lona” Charity Foundation Bobokhonov J.A. and then the presentation of the Director of the Pediatric Oncology Department of the Republican Scientific Cancer Center Umarova M.N. and the Foundation was heard regarding the work done in the last 10 years and the results achieved during this period. In addition, more than 10 children who were cured of cancer with the support of the Foundation and returned to normal life were invited to participate in this event. They told other patients about their success and victory over cancer. The parents of the other children, whose children are currently receiving medical treatment, were encouraged by this initiative, their hopes for their children's recovery increased, and everyone said, "We will win too!" At the same time, the parents of the healed patients made a speech and thanked the representatives of the Foundation for their continued support. Also, in order to please the participants of the event, the Charity Foundation "Lona" in cooperation with the State Exemplary Theater of Miniature "Mirror" held a comedy show, which was well-received by the participants. At the end of the event, representatives of the “Lona” Charity Foundation together with the staff of the institution presented children with a variety of sweets and other gifts established by the Foundation.

Подробнее


Новый 2021 год!

Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2021 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2021 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!

Подробнее


Новый 2020 год!

Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2020 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2020 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!

Подробнее


Новый 2019 год!

Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2019 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2019 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!

Подробнее


Новый 2018 год!

Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2018 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2018 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!

Подробнее


Новый 2017 год!

Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2017 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2017 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!

Подробнее