Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

Новый 2020 год!

Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2020 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2020 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!