Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

01.06.23

Имрӯз (01.06.2023) бо ибтикор ва ташаббуси Фонди хайрияи “Лона” дар Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии ҷашнӣ баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти фонд ва коршиносони соҳа ширкат намуда, дар робита ба масоили марбут ба ҳифзи кӯдакон ва аҳамияту зарурати таҷлили бошукуҳи ин ҷашн гузоришу суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд. Масъулини Фонди хайрияи “Лона” ҳамчунин аз Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 (ш. Душанбе) дидан намуда, бо тақдими туҳфаҳои хотирмони ҷашнӣ дар руҳбаланд сохтани табобатгирандагон мусоидат намуданд. Сипас, бо даъвати роҳбарияти фонд Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лухтак” дар Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши идона ташкил намуда, тавассути бозиҳои шавқовар ба кӯдакон табъи болидаи идона бахшиданд. Дар интиҳои чорабинӣ масъулини Фонди хайрияи “Лона” баҳри боз ҳам руҳбаланд сохтани табобатгирандагони Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои таъсиснамударо тақдим сохта, таъкид намуданд, ки ин ташаббуси некро идома медиҳанд ва дар ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва байналмилалӣ канори кӯдакон хоҳанд буд. Ёдовар мешавем, ки чун анъана, ҳамасола, 1 июн дар аксари кишварҳои дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мушкилотест, ки кӯдакон дар саросари дунё бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд.