Недавние новости
Главные новости
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
01.06.23
Имрӯз, 1 июни соли 2022 бо ташаббус ва дастгирии молиявии Фонди хайрияи “Лона” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Шуъбаи cаратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 (ш. Душанбе) чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор карда шуданд. Дар ин чорабиниҳо роҳбарияти фонд ва мутахассисони соҳибкасби соҳа иштирок намуда, вобаста ба масъалаи ҳифзи кӯдакон ва аҳамияту зарурати таҷлили сартосарии ин ҷашн гузоришу баромадҳои пурмуҳтаво доир намуданд. Масъулини Шуъбаи саратоншиносии кудакона ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 ба роҳбарияти фонд ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста изҳори сипос намуда, ба идомаи ҳамкориҳои мутақобила дар ин самт таъкид намуданд. Ҳамзамон, барои болидарӯҳ кардани табобатгирандагон Фонди хайрияи “Лона” бо даъвати ҳунармандони саршиноси кишвар барномаи фарҳангӣ ташкил намуда, кӯдакони беморро бо тақдими туҳфаҳои ҷашнӣ ва ташкили рақсу бозиҳои шавқовар шод намуданд.