Недавние новости
Главные новости
Новый 2017 год!
Имрӯз бахшида ба Соли Нави 2017 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда, ба ҳама табобатгирандагон туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва маводи канселярӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Фонди “Лона” изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории амиқи худро иброз намуданд. Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф оварда, ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи худро тақдим менамояд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонди мазкур ба ҳисоб меравад. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз ин фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2017 таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони бемор шифои комилу оҷилро хоҳон аст!