Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

15.02.23

Бо ташаббуси Фонди хайрияи “Лона” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (15.02.2023) дар маркази мазкур бахшдиа ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ кормандони фонд ва марказ, кӯдакони таҳти табобат қарордошта, волидони онҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ беморони шифоёфта ва волидайни онҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва ғамҳориҳои доимӣ ба намояндагони фонд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади болидаруҳии иштироккунандагони чорабинӣ аз ҷониби Фонди хайрияи “Лона” дар ҳамкорӣ бо Театри давлатии намунавии минатураи «Оина» ва ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо” намоиши театрии мазҳакавӣ ва рақсҳои ҷолиб баргузор карда шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуш истиқбол гардид. Иштирокчиёни чорабинии идона аз тамошои намоишҳо фароғати маънавӣ бардошта, дар рӯҳияи баланди идона ва табъи хушу хотири осуда ба ҳунару маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд. Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони Фонди хайрияи “Лона” дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи мазкур ба кӯдакон анвои гуногуни ширинӣ ва туҳфаҳои таъсиснамудаи фондро тақдим намуданд.