Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

04.04.23

Имрӯз (04.04.2023) роҳбарият ва ҳайати кормандони Фонди хайрияи “Лона” аз Беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе дидан намуда, аз ҳолу аҳволи беморон аз наздик шинос шуданд. Ҳадаф аз ин боздид, дар рӯзҳои наврӯзӣ ва моҳи шарифи Рамазон руҳбаланд намудани беморон арзёбӣ мегардад. Масъулини Фонди хайрияи “Лона” барои кӯдакон, бузургсолон ва дар маҷмуъ барои тамоми табобатгирандагони ин бемористон туҳфаҳои хотримони ҷашнӣ ва рамазонӣ тақдим намуда, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани онҳо изҳори умедворӣ карданд. Дар арафаи тамоми иду ҷашнҳои миллӣ ва байналмилалӣ Фонди хайрияи “Лона” ба беморон, кӯдакон, афроди бесарпаноҳ ва ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чун анъана талош менамояд, ки ба қадри тавону имкон барои баровардани ниёзҳои онҳо мусоидат намояд. Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз фурсат мехоҳад тамоми мардуми шарифи тоҷик ва мусалмонони оламро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намояд ва барои ҳамагон сабру шикебоӣ, саломатӣ, саодати рӯзгор ва зиндагии ободу осударо таманно намояд.