Недавние новости

Бо мақсади ҳаракати бароҳати беморон Фонди хайрияи "Лона" ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва ба Шуъбаи кӯдаконаи гематология аробачаҳо такдим намуд.

Фонди хайрияи "Лона" бо шабакаи клиникаҳои туркии "Medical Park" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Главные новости

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Рӯзи ҷаҳонии беморони гемофилия

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

15.02.22

Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи солимии кӯдакон дар ҷаҳон ин ташхиси саривақтӣ ва табобати кудакони мубталои бемории саратон маҳсуб меёбад. Дар ин росто, аз соли 2002 инҷониб, дар беш аз 90 мамлакати дунё санаи 15 феврал ҳамчун Рӯзи байналмиллалии кӯдакони гирифтори бемории саратон қайд карда мешавад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, солона дар ҷаҳон кариб 200 ҳазор нафар кӯдакон гирифтори бемории саратон гардида, мутаассифона қариб 30 фоизи онҳо ҳалок мегарданд. Мақсади асосии гузаронидани Рӯзи байналмиллалии кӯдакони гирифтори бемории саратон ин баланд бардоштани сатҳи иттилоонокии духтурони кӯдакона, волидайн, ҷомеаи касбии тиббӣ, шаҳрвандони дорои масъулияти иҷтимоӣ оид ба муваффақиятҳо ва мушкилоти саратони кӯдакона мебошад. Рамзи мубориза бо касалиҳои саратони кӯдакона ин лентаи тиллоӣ мебошад, ки он рамзи бебаҳо будани кӯдакон ҳисоб меёбад. Дар ин замина, дар кишвари мо низ, ҳарсола, санаи 15 феврал бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон бо ибтикори Фонди хайрияи “Лона” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази мазкур чорабиниҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ (аз ҷумла, семинару конфронсҳо ва барномаҳои фароғатию фарҳангӣ) баргузор карда мешаванд. Дар кори ин чорабиниҳо, маъмулан, кормандони марказ, масъулини фонд, кӯдакони шифоёфта ва таҳти табобат қарордошта, волидайни онҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ва фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Имсол низ чунин чорабинӣ баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 10-нафар кӯдаконе, ки бо кумаки бевоситаи духтурони Марказ ва дастгирии Фонди хайрияи “Лона” аз бемории саратон шифо ёфта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштаанд, даъват шуданд. Онҳо аз муваффақияту пирӯзии худ бар бемории саратон ба дигар табобатгирандагони Марказ бо эҳсосот қисса карданд. Аз ин иқдоми нек волидони дигар кӯдакон, ки феълан фарзадонашон таҳти табобат қарор доранд, нерӯи тозаи равонӣ ва руҳияи нав гирифта, умедашон ба сиҳат шудани фарзандон бештар гардид ва ҳамагӣ мегуфтанд: “Мо низ пирӯз хоҳем шуд!”. Дар зимн, баъзе аз волидайни беморони шифоёфта суханронии пурмуҳтавою ҳаяҷоновар намуда, барои дастгириҳои пайваста ба духтурони Марказ ва масъулини Фонд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Бо ибтикори фонд бо мақсади болидаруҳии кудакон-бошандагони Марказ Театри давлатии «”Оина” ва ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо” даъват гардида буданд, ки бо намоишҳои шавқовари худ хотири кӯдаконро шод намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ, чун анъана, намояндагони Фонди хайрияи “Лона” дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи мазкур ба кӯдакон анвои гуногуни ширинӣ ва дигар туҳфаҳои таъсиснамудаи Фондро тақдим намуданд. Мусаллам аст, ки кӯдакон ояндаи дилхоҳ ҷомеа мебошанд ва пешгирии саривақтии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, таҷлили чунин ҷашну маросимҳои марбут ба ҳифзи саломатии кӯдакон барои калонсолон ниҳоят муҳиманд, зеро онҳо ба мо, бори дигар, ҳисси масъулиятшиносиамонро дар назди насли наврас хотиррасон менамояд. Мавриди зикр аст, ки Фонди хайрияи “Лона” бо Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 12 сол аст, ки дар ҳамкории пайваста ва зич қарор дошта, муассисаи мазкурро бо маводи дорувории гаронарзиши химиядармонӣ ва таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ таъмин менамояд ва дар оянда низ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ҳамкориҳои муштаракро дар ин самт таҳкиму густариш хоҳад дод.