Умарова Моҳира Нуруллоевна

Мудири шӯъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи Давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ВТҶТ

Телефон: (+992) 93 488 28 38
E–mail: moha.1974@mail.ru

Умарова Моҳира Нуруллоевна 05.12.1974с. дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Мактаби миёнаро соли 1991 хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи педиатрии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардид.
Соли 1997 ДДТТ-ро бо ихтисоси духтури кўдаконаи саратоншинос хатм намуд.
Солҳои 1997-1998 интернатураро дар заминаи Донишкадаи маълумоти баъдидипломии кадрҳои тиббии Тоҷикистон идома дод.
Аз соли 1998 инҷониб дар шўъбаи кўдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ фаъолият дорад.
Соли 2002 тахассуси касбиро аз рўи саратоншиносии кўдакона дар заминаи Донишкадаи маълумоти баъдидипломии кадрҳои тиббии Тоҷикистон гирифт.
Соли 2007 соҳиби дараҷаи дуюми тахассусӣ гардид.
Соли 2008 такмили ихтисос дар заминаи шўъбаи кўдаконаи Академияи илмҳои тиббии Россия ба номи Дурнови шаҳри Москва.
Соли 2013 соҳиби дараҷаи якуми тахассусӣ гардид.
Соли 2014 такмили ихтисос дар заминаи Донишкадаи маълумоти баъдидипломии кадрҳои тиббии тоҷикистон гирифт.
Соли 2016 бо нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардид.
Собиқаи корӣ 18 сол дар шўъбаи саратоншиносии кўдаконаи МД “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншинсӣ”.