ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ
8 июли соли 2023 бо ташаббуси Филиали ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон" дар маркази ноҳияи дурдасти Лахш чорабинии идона вобаста ба таҷлили Рӯзи маъюбон баргузор карда шуд, ки дар он дар қатори масъулини марбутаи ноҳия роҳбарияти Фонди хайрияи "Лона" низ иштироки фаъол намуданд. Дар ҷараёни ин маъракаи расмӣ директори Фонди хайрияи "Лона" суханронии пурмуҳтаво намуда, 60 нафар аъзои фаъоли иттиҳодияи мазкур, аз ҷумла 30 нафар занони маъюбро бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ кард. Иқдоми неки мазкур, бешак, боиси рӯҳбаландии намояндагони ин қишри осебпазири ҷомеа гардид.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти фонд зимни ин сафари кориашон ба ноҳияи Лахш инчунин аз камбудию норасоиҳои мавҷудаи маъюбони ноҳия хабардор шуда, ибрози умедворӣ карданд, ки дар оянда мувофиқи имкону тавони молӣ фонд ба онҳо кӯмакҳои мақсаднок расонида, ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.
Подробнее
Хочу выразить Вам свою огромную благодарность и сказать вам большое СПАСИБО за Ваше чуткое сердце, за Ваше внимательность и не безразличие за оказанную безвозмездную помощь в виде лекарств для лечения гепатита С. Я читала и знаю, что Ваш фонд занимается проблемами со здоровьем маленьких детей. Но все же я обратилась в Ваш фонд с надеждой.
Шахло Рахмонова
Подробнее