Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Накӯхоҳу ба кас роҳатрасон бош.


Зиндагии инсон худ ба равиши оби руди пурхурӯши кӯҳие шабоҳат дорад, ки тавассути печухами зиёд гоҳ орому гоҳ пурталотум дар ҳаракат аст. Ва рисолати инсони комил низ он аст, ки дар пастиву баландӣ ва шодиву мушкилоти рӯзгор дигаронро дастгиру мададгор бошад. Ин аст, ки шумораи созмону ширкат, корхонаву муассисот ва нафарони саховатпешае, ки мехоҳанд бо Фонди хайрияи «Лона» ҳамкорӣ намоянд, торафт афзоиш меёбад. Зеро онҳо ба хубӣ дарк намуданд, ки дар тангдастиву дармондагӣ гирифтани дасти дармондае, лаҳзае шод кардани дили ранҷуре худ беҳтарин фазилати инсонӣ мебошад.

Онҳо умеду боварии комил доранд, ки ин рӯйхат бо гузашти рӯзу моҳҳо торафт пурратар мегардад. Шаффофияти истифодаи мақсадноки ҳамагуна маблағе, ки бо мақсади шифои ранҷурон ва дастрас намудани дорувору таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба суратҳисоби Фонди хайрияи «Лона» ворид мегардад, кафолат дода мешавад. Ҳамзамон дилхоҳ ташкилот метавонад аз маъмурияти Фонд дар бораи чигуна масраф шудани маблағҳои ирсолнамудааш маълумоти мушаххас пайдо намояд.

Ба андешаи мо табассуми латифу ширини тифли бегуноҳ ва ё навраси замири покаш пурорзуе, ки бо дастгирии беғаразонаву софдилонаи мову Шумо аз азияти ин бемориҳои даҳшатбор раҳо меёбанд, худ мукофотест ҷону танро нерӯву ҳаловат мебахшад. Шумо чӣ мегӯед?