- Подробности
- 25.12.2020 21:21
- Хонда шуд: 1125 маротиб

Имсол ҳамаи чорабиниҳои солинавӣ дар ҳама ҷо бекор карда шуданд. Аммо кӯдакон ибораи "ид намешавад" -ро намефаҳманд.
Бо назардошти ҳама чораҳҷӯиҳои бехатарӣ ва тавсияҳои ТУТ, рӯзи 24 декабр кормандони Фонди хайрияи “Лона” парасторони худро дар шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва шӯъбаи касалиҳои сӯхтаи кӯдаконаи Маркази тиббии шаҳрии №3 дидор карданд.
Барои ҳар як кӯдак туҳфаҳои дорои шириниҳо ва лавозимоти канселярӣ омода карда шуда, супорида шуданд.

Кӯдакон хурсанд буданд ва ҳама мехостанд, ки бо тӯҳфаҳои худ дар назди арчаи солинавӣ, ки чанд рӯзе пеш бо онҳо оро дода шуда буд, акс гиранд.
Ашки шодии волидайн таъсирбахш мебошад. Каме ҳам бошад руҳияи кӯдакон баланд шуда барои муборизаи минбаъда нерӯ мегиранд.
- Подробности
- 12.10.2020 23:35
- Хонда шуд: 1256 маротиб

Дар Тоҷикистон даҳҳо ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо мавҷуданд. Бо назардошти имкониятҳо, Фонди хайрияи Лона дар як сол ба чандин мактаб-интернатҳо ҷиҳати дастгирӣ намудан, ташриф меоваранд.
9 октябри соли 2020, кормандони фонди хайрияи “Лона”
- Подробности
- 09.10.2020 20:30
- Хонда шуд: 1143 маротиб

Лаби кушода ва коми шикоф иллатест, ки дар ду моҳи аввали ҳомиладорӣ, ҳангоми ташаккул ёфтани узвҳои ҷоғу рӯй пайдо мешавад.
Омилҳои хавфи он - бемориҳои вирусӣ дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ, патологияи занона, инчунин таъсир ба организими модар дар се моҳи аввали ҳомиладорӣ, омилҳои кимиёвӣ, рӯҳӣ ва биологӣ ба ҳисоб мераванд.
- Подробности
- 30.09.2020 21:54
- Хонда шуд: 1160 маротиб

Азимова сарнавишти хеле душвор дорад. Падару модараш соли гузашта ба Маскав ба муҳоҷират рафта фарзандонашонро дар хонаи хешовандон гузоштанд. Бо сабаби вазъи кунунии пандемии ҷаҳон, онҳо наметавонад ба Ватан баргарданд. Осия кӯдаки зиндадилу хушҳол аст. Вай ба синну солаш нигоҳ накарда, хушмуомила, кунҷков ва оқил мебошад.
Пас аз ташхис ва муайян кардани беморӣ, хешовандони Азимова ошуфта шуданд. Бистарӣ шудан ва табобати фаврӣ талаб карда мешуд. Падару модараш дур буданд ва наздиконаш имкони ҳамроҳии ӯро ба бемористон надоштанд. Ин яке аз мушкилоти муҳими оилаи Азимовҳо буд.
- Подробности
- 21.09.2020 22:55
- Хонда шуд: 1111 маротиб

Дар соли 2015 Фонди хайрияи “Лона” тамоми шӯъба инчунин утоқи кории духтуронро бо яхдонҳо ва телевизорҳо таъмин намуда, инчунин корҳои ороишӣ ва бадеиро дар деворҳои дохили бино анҷом додааст. Хонаи кӯдакон пурра бо таҷҳизоти лозима ҷиҳозонида шудааст.
Фонди хайрияи “Лона” тасмим гирифтааст, ки имсол корҳои андова ва рангубориро барои азнавсозии дохили ин шӯъба анҷом диҳад. Пас аз боронҳои пай дар пай ва ҳавои хунуки солҳои охир, бино осеб дида деворҳои шӯъба тира гаштанд.