- Подробности
- 09.09.2017 11:41
- Хонда шуд: 3632 маротиб
Тибқи дастури муассиси фонди «Лона» аз ҷониби роҳбарият ва масъулини он дар арафаи ҷашни суннатии «Иди Қурбон» чун анъана ба беморони Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносии кӯдакона ва шӯъбаи касалиҳои сухтаи Беморхонаи шаҳрии №3-и пойтахт, бошандагони мактаб–интернатҳои №1 ва №4 тӯҳфаҳо дар шакли маводи ғизоӣ ва либосворӣ тақдим карда шуданд.
- Подробности
- 25.06.2017 16:37
- Хонда шуд: 4033 маротиб
Шоми 19 июни соли 2017 чун анъанаи ҳарсола аз ҷониби фонди хайрияи «Лона» барои бошандагони Хонаи пиронсолони пойтахт ва беморону духтурони шуъбаи касалиҳои сухтаи Беморхонаи № 3-и шаҳри Душанбе дар маљмўъ барои беш аз 200 нафар шаҳрвандон зиёфатҳои ифторӣ ороста шуданд.
Боят тазаккур дод, ки чорабиниҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Сафорати Аморати Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон) ва саҳми муассисаи хайриявӣ ва башардўстонаи Шайх Зойид ибни Султон Оли Наҳён гузаронида шуданд.
- Подробности
- 08.06.2017 12:33
- Хонда шуд: 3971 маротиб
Санаи 1–уми июни соли 2017 роҳбарият ва масъулини фонди хайрияи «Лона» тибқи анъана, ҷашни Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдаконро дар шўъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабки ба худ хос таҷлил намуданд. Барои тамоми кӯдакони мубталои касалии саратони ин шўъба туҳфаҳои муносиби қаблан омоданамудаи фондро тақдим намуда, мусиқӣ ва рақсу бозӣ ташкил карда шуд.
- Подробности
- 26.12.2016 19:01
- Хонда шуд: 4706 маротиб
Санаи 26–уми декабр роҳбарият ва масъулини фонди хайрияи «Лона» тибқи анъана, ҷашни солинавиро дар дар шўъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса баргузор намуданд. Барои тамоми кӯдакони мубталои касалии саратони ин шўъба «Бобои Барфӣ ва маликаи барфия» тӯҳфаҳои муносиби қаблан омоданамудаи фондро тақдим намуда, мусиқӣ ва рақсу бозӣ ташкил карда шуд.
Еще статьи... |
---|
Пахши сомонаи Фонди хайрияи "Лона" |