Дар таърихи 20-декабри соли 2017, тибқи дархости пешакӣ, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби фонди хайрияи «Лона» кумаки башардўстона расонида шуд.

Муфассалтар...  

help2Дар ҷараёни сафари кории директори фонди «Лона» ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар соли 2016 ва мулоқотҳояш бо роҳбарияти Созмони Салиби Сурхи Амороти Муттаҳидаи Араб масъалаи расонидани кӯмак дар шакли харидорӣ ва таъмини дорувориҳои кимиётерапӣ барои ниёзи кӯдакони мубталои бемории саратон муҳокима гардида буд. Дархости директори фонд мавриди баррасии масъулини марбутаи Созмони мазкур қарор гирифт ва инак марҳилаи якуми он татбиқи худро ёфт.

Муфассалтар...  

mayub16 ноябри соли 2017  аз ҷониби роҳбарият ва масъулини фонд   барои истифодаи  хонандагони муассисаи давлатии таълимии  «Литсейи касбии махсуси маъюбон», ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, кумак дар шакли техникаю таҷҳизоти компютерӣ  расонида шуд. Кумаки мазкур аз  25  дастгоҳи компютерӣ,  5 ноутбук ва 5 принтер иборат буд.

Муфассалтар...  

uae15 ноябри соли 2017 фонди хайрияи «Лона» дар доираи фаъолияти оинномавиаш барои истифодаи касбии мутахассисини  Маркази  ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо кумаки техникӣ дар ҳаҷми як контейнер расонид. Кумаки мазкур шомили 58 номгӯй таҷҳизоти мухталифи мавриди ниёзи ин маркази табобатӣ буд.

Муфассалтар...  

137Бо мақсади мусоидат  дар эҷоди шароитҳои боз ҳам муносиб дар соҳаи  омӯзиши технологияи компютерӣ дар   муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ,  13 ноябри соли 2017  маросими расмии тақдими ҳадяи фонди «Лона» ба хонандагони мактаби миёнаи № 137-и шаҳри Ваҳдат  баргузор гардид, ки он аз  12 дастгоҳи компютерӣ,  1 ноутбук ва  2 принтер иборат буд. 

Муфассалтар...