- Подробности
- 28.12.2018 14:42
- Хонда шуд: 3152 маротиб
Ҳамасола бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз ҷониби Фонди хайрияи “Лона” ба кӯдакони ятиму бемор ва шахсони бепарастор расонидани кӯмак ба ҳукми анъана даромадааст. Вобаста ба ин роҳбарияти Фонд ба табобатгирандагони шуъбаи кўдаконаи Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ ва шуъбаи касалиҳои сухти беморхонаи №3-и пойтахт, баҳри дилхуш ва хотирмон гузаронидани ҷашни солинавӣ чорабинии фарҳангиву фароғатиро бо дастгирии ҳунармандони театри давлатии ба номи Маяковский гузаронид.
- Подробности
- 15.05.2018 11:09
- Хонда шуд: 3816 маротиб
Ҳамкориҳои шариконаи фонди хайрияи «Лона» бо баъзе аз кишварҳои дўст тадриҷан вусъат меёбанд. Ҳафтаи гузашта масълулини фонд дар ҳамкорӣ бо Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд муассисаҳои таълимӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мақсаднок кумаки хайриявӣ расониданд.
- Подробности
- 09.03.2018 08:00
- Хонда шуд: 4405 маротиб
“Лона” ошёнест, ки дар он чӯҷаҳо аз марг эмин меёбанд. Шояд барои ҳамин дар нишонаи Фонди хайриявии «Лона», ки соли 2009 дар Душанбе таъсис дода шудааст, акси чӯҷаҳо дар лона тасвир пазируфтааст. «Лона» ҷоест, ки кӯдакони мубталои бемориҳои саратон ва баданашон сӯхта аз нобудшавӣ наҷот дода мешаванд.
- Подробности
- 25.12.2017 12:58
- Хонда шуд: 3809 маротиб
25 декабри соли 2017, тибқи фаъолияти анъанавии фонд дар шуъбаи кўдаконаи Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ ва шуъбаи касалиҳои сухти беморхонаи №3-и пойтахт барои фароғату хушҳолии кўдакони бемор ҷашнҳои идонаи солинавӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
- Подробности
- 20.12.2017 20:29
- Хонда шуд: 4139 маротиб
Дар таърихи 20-декабри соли 2017, тибқи дархости пешакӣ, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби фонди хайрияи «Лона» кумаки башардўстона расонида шуд.