- Подробности
- 20.12.2019 15:09
- Хонда шуд: 1123 маротиб
19 июни соли 2019 Осия Зулфоноваи 6 сола бо 65% бадани сӯхта, ки 45 % он чуқур суӯхта буд ба Маркази тиббии шаҳрии №3 шӯъбаи касалиҳои сӯхта оварда шуд. Ӯ дар ҳолати бад қарор дошт. Ҷарроҳии аввал, аз тарафи мутахасисони беморхона гузаронида шуд. Фонди хайрияи Лона аз руи имконияташ ба у ёри мерасонид. Аз Олмон профессор, президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони пластикии Аврупо Эдгар Бимер таклиф карда шуд.
- Подробности
- 26.11.2019 15:45
- Хонда шуд: 1030 маротиб
Боз як орзуи деринаи мо, баъди кӯшишҳои зиёд амалӣ гашт. Фонди хайрияи “Лона” тавонист дастгоҳи деринтизори ДЕРМАТОМ (dermatomus; derma- пӯст, tomos- бурда, қабат)-ро барои Маркази тиббии шаҳрии № 3 и шӯъбаи касалиҳои сӯхта дастрас намояд.
- Подробности
- 03.06.2019 15:52
- Хонда шуд: 979 маротиб
Боз як иди дигар паси сар шуд. 1 июн, рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи садоқат ва меҳрубонист рост омад. Ҳар як шахс дар ин ид корҳои хайрро ба анҷом меорад. Фонди хайрияи Лона барои парасторони худ, кӯдакони бемории саратондоштаи Маркази Ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ шӯъбаи саратоншиносии кӯдакона ва кӯдакони беморхонаи шаҳрии №3 и шӯъбаи касалиҳои сӯхта тӯҳфаҳои ширин ва либоса тақдим карда шуд.
- Подробности
- 25.03.2019 08:50
- Хонда шуд: 1115 маротиб
Фонди хайрияи “Лона” чун ҳамасола бахшида ба ҷашни миллии Наврӯзи хуҷастапай барои кӯдакони бемории саратондоштаи Шуъбаи кӯдаконаиМаркази Ҷумҳуриявии саратоншиносӣ ва кӯдакони шуъбаи касалиҳои сухтаи беморхонаи шаҳрии №3
- Подробности
- 20.03.2019 11:39
- Хонда шуд: 4363 маротиб
Бо арзи эхтироми беандоза Шуморо ба муносибати иди фирӯзи баҳориву меъросии ниёгон Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатии қавӣ, хонаободӣ ва дар эҷодиётатон бурбориҳо таманно дорем.