20210601 102555Барои Фонди хайрияи “Лона”, ки аз соли 2009 инҷониб  дар Ҷумурии Тоҷикистон  фаъолияти башардӯстона  дорад, аллакай ҳукми  анъана пайдо намудааст, ки  дар арафи иду  ҷашну маросимҳо барои кӯдакони мубталои бемории  саратон ва беморони навраси шуъбаи касалиҳои сухта беморхонаи №3 пойтахт чорабиниҳои мухталифи  фарҳангӣ баргузор намояд. 
Аз ҷумла, ҳарсола ҷашни “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”  бо омодагӣ ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Дар ин замина имрӯз зери сарпарастии фонд баҳри  фароғату эҷоди фазои мусоиди равонии  тифлони бемори шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабинии идона баргузор  карда шуд. Ба кӯдакони бемор бо иштироки роҳбарияту ҳайати  тиббии шуъбаи Маркази мазкур дар шакли фаҳмо   таърихи пайдошавии ҷашни “Рӯзи байналмилалии
ҳифзи кӯдакон”  ва муҳтавои ин ҷашнро тавзеҳ дода,  сипас бо барномаи консертӣ  руҳияи кӯдаконро  шод намуда, дастархони идона ороста гардид ва   ба ҳар кадомашон дар анҷоми чорабинй тӯҳфаҳо тақдим карда  шуданд. 
Ғолибони озмуни беҳтарин расми кӯдакона низ муайян  ва  бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
20210601 113258
Мавриди зикр аст, ки чунин чорабинии идона барои кудакони бемор дар шуъбаи касалиҳои сӯхтаи Беморхонаи клиникии №3  пойтахт  гузаронида шуда, ба онҳо низ  тӯҳфаҳо супорида шуданд.
Дар робита ба таърихи ҷашни “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” мебоист  қайд кард, ки он бори аввал соли 1950 ҷашн гирифта шудааст. Қарор дар бораи гузаронидани он аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон дар сессияи махсус моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуда буд. Созмони Миллали Муттаҳид  ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт 
ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард. Санаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳбубият пайдо намудааст, зеро ҳамасола IMG 20210601 WA0011дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар чорабиниҳои гуногуни идона баргузор ва дар он ҳунари кӯдакону наврасон ба намоиш гузошта мешавад. Дар чунин чорабиниҳои идона беҳтарин расмҳо ва аксҳои кӯдакон ба маърази тамошо гузошта, мусобиқаҳои варзишию бозиҳои шавқовар ва консертҳои идона ташкил мегардад. 
Муҳиммияти ин сана боз дар он зоҳир мегардад, ки он  на танҳо ҷашни фароғатӣ барои худи кӯдакон аст, балки он инчунин ба ҷомеа дар бораи зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ёдрас мекунад, то ҳамаи кӯдакон хушбахтона ба воя расанд, омӯзанд, коре кунанд, ки дар оянда волидайн ва шаҳрвандони сазовори кишвари худ шаванд.
           Фонди хайрияи "Лона" ҳамаи кӯдакони ҷахонро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи  кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ тамано мекунад.