- Подробности
- 13 Майи 2021
- Хонда шуд: 937 маротиб

Аз ҷумла, санаи 12 майи соли 2021 дар арафаи иди Фитр дар ҳамкорӣ бо созмони Ҳилоли Аҳмари Амороти Муттаҳидаи Араб ба 126 оилаҳои ниёзманд дар минтақаҳои дурдасти вилояти Хатлон кумаки хайриявӣ дар шакли як маҷмӯи сабади истеъмолӣ расонида шуд.

Бо назардошти вазъи кунунии иҷтимоии кишвар, ки боришоти зиёду ғайричашмдошти мавсимӣ боиси талафоти ҷонӣ, харобию хисороти зиёди моддӣ ба маҳалҳои зисти баъзе аз сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гардид, фонди хайрияи “Лона” расонидани кумакҳои фавриро дар доираи имкон пешбинӣ намудааст, ки баъди амалӣ намудан сари вақт расонаӣ карда хоҳанд шуд.
