IMG 20210408 WA0007  Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ ҳамасола 7 апрел, аз рӯзи таъсис ёфтани Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  аз соли 1948  таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи саломатӣ аз соли 1950 инҷониб анъана шудааст. Чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатие, ки дар ин рӯз гузаронида мешаванд ба он равона шудаанд, то одамон бифаҳманд, ки саломатӣ дар ҳаёти онҳо чӣ қадар аҳамияти муҳим дорад. 
Дар ин замина,
сартосари ҷаҳоне ташкилотҳои тандурустӣ даъват карда мешаванд, ки барои беҳтар кардани саломатии одамони тамоми ҷаҳон чорҷӯиҳои мушаххас анҷом диҳанд. IMG 20210408 WA0004
 
Тоҷикистон ин рӯзро дар баробари дигар кишварҳо ҳамасола таҷлил мекунад.
 
Кормандони Фонди хайрияи "Лона" 7 апрелро барои таҷлили рӯзи саломатӣ ва ҳамзамон ҳамчун идомаи ҷашнгирии Иди Наврӯз интихоб кардаанд.
  Дар ин рӯзи офтобии баҳорӣ дар шӯъбаи саратоншиносии кӯдаконаи шаҳри Душанбе Фонди 
хайрияи "Лона" барои тамоми шуъба оши палав, суманак, мева ва шириниҳои идона ташкил намуд.
IMG 20210408 WA0013
  Кормандони Фонди хайрияи "Лона" ҳар як кӯдаки дар шӯъба бударо табрик гуфта, аҳамияти ин рӯз ва идро шарҳ доданд. Дар хотима, роҳбарияти Фонд ба ҳозирин саломатӣ таманно карда, ба ҳамаи табибон, табобатгирандагон ва шахсони масъул изҳори миннтадорӣ ва орзуҳои нек баён намуданд.
IMG 20210408 WA0011