лого наврузЗимистон рафтаву Навруз ояд
Башорат ҳаркуҷо: Хушруз ояд!
Нидо омад зи пушти куҳи фарёд
Ки имшаб назди мо Фируз ояд
 
Наврӯз куҳантарин ва зеботарин иди мардумӣ аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.
Наврӯз иди эҳёи табиат буда рўзи нав, рўзи шодӣ, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. 
Табиат ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд. Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрўз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд аз ин рўз ва дар ин рўз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некўиро пеша кунанд. 
1028514851
Бисту нӯҳ сол инҷониб Тоҷикистон Наврӯзи ҳуҷастапайро дар марҳилаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамояд. Дар ин давра дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо кард. Давраи ҷаҳонишавӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист.
 

IMG 20210320 WA0000

Мо тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукӯҳ таҷлил менамоем. 
Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони шумо Муборак бошад! Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорем, ки боз ба Наврӯзи дигар мерасонад!