20210215 171312Имрӯз (15.02.2021) бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон бо ибтикори Фонди хайрияи “Лона” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази мазкур конфронс баргузор гардид. Дар кори конфронс кормандони марказ, кормандони фонд, кӯдакони таҳти табобат қарордошта, волидони онҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.IMG 20210215 090840

Сухани ифтитоҳиро директори Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода ва директори Фонди хайрияи “Лона” Бобохонов Ҷ.урахон. оғоз намуда,

баъдан презентатсияи мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдакони Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Умарова Моҳира ва Фонд оид ба корҳои дар 10-соли охир иҷрошуда ва натиҷаҳои дар ин давра ба даст омада шунида шуд.IMG 20210215 WA0041
Ҳамчунин, ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ зиёда аз 10-нафар кӯдаконе, ки бо дастгирии Фонд аз бемории саратон шифо ёфта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд, даъват шуданд. Онҳо аз муваффақияту пирӯзии худ бар бемории саратон ба дигар табобатгирандагон қисса карданд. Аз ин иқдом волидони дигар кӯдакон, ки феълан фарзадонашон таҳти табобат қарор доранд, нерӯи дигар гирифта, умедашон ба сиҳат шудани фарзандон бештар гардид ва ҳамагӣ мегуфтанд: “Мо низ пирӯз хоҳем шуд!”.
Дар зимн волидайни беморони шифоёфта суханронии пурмуҳтаво намуда, барои дастгириҳои пайваста ба намояндагони Фонд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади болидаруҳии иштироккунандагони чорабинӣ Театри давлатии «Оина» намоиши театрии мазҳакавӣ баргузор карда шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуш истиқбол гардид.
IMG 20210215 WA0017Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони Фонди хайрияи “Лона” дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи мазкур ба кӯдакон анвои гуногуни ширинӣ ва дигар туҳфаҳои таъсиснамудаи Фондро тақдим намуданд.
Фонди хайрияи “Лона” бо Шуъбаи кӯдаконаи саратоншиносии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10-сол аст, ки дар ҳамкории пайваста ва зич қарор дошта, муассисаи мазкурро бо маводи доруворӣ ва таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ таъмин менамояд ва дар оянда низ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ҳамкориҳои муштаракро дар ин самт таҳкиму густариш хоҳад дод.