- Подробности
- 25 Декабри 2020
- Хонда шуд: 1124 маротиб

Имсол ҳамаи чорабиниҳои солинавӣ дар ҳама ҷо бекор карда шуданд. Аммо кӯдакон ибораи "ид намешавад" -ро намефаҳманд.
Бо назардошти ҳама чораҳҷӯиҳои бехатарӣ ва тавсияҳои ТУТ, рӯзи 24 декабр кормандони Фонди хайрияи “Лона” парасторони худро дар шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва шӯъбаи касалиҳои сӯхтаи кӯдаконаи Маркази тиббии шаҳрии №3 дидор карданд.
Барои ҳар як кӯдак туҳфаҳои дорои шириниҳо ва лавозимоти канселярӣ омода карда шуда, супорида шуданд.

Кӯдакон хурсанд буданд ва ҳама мехостанд, ки бо тӯҳфаҳои худ дар назди арчаи солинавӣ, ки чанд рӯзе пеш бо онҳо оро дода шуда буд, акс гиранд.
Ашки шодии волидайн таъсирбахш мебошад. Каме ҳам бошад руҳияи кӯдакон баланд шуда барои муборизаи минбаъда нерӯ мегиранд.