IMG зайчяягубаобщ. 7 октябри соли равон Фонди хайрияи «Лона» дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи шӯъбаи кӯдакона як лоиҳаи навро бо кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии лаб ва ком (лаби кушода ва коми шикоф) оғоз намуд.
Лаби кушода  ва коми шикоф  иллатест, ки дар ду моҳи аввали ҳомиладорӣ, ҳангоми ташаккул ёфтани узвҳои ҷоғу рӯй пайдо мешавад. 
 
Омилҳои хавфи он - бемориҳои вирусӣ дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ, патологияи занона, инчунин таъсир ба организими модар дар се моҳи аввали ҳомиладорӣ, омилҳои кимиёвӣ, рӯҳӣ ва биологӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар сурати болои лаб ва ё ком инкишоф наёфта бошад, амалиёти ҷарроҳӣ  гузаронида мешавад: хейлопластика - ислоҳи лаби боло (аз 2 моҳагӣ оғоз меёбад) ва уранопластика - ислоҳи ком (аз синни 1,5-2 сола оғоз карда мешавад).
IMG зайчяягуба1IMG зайчяя губа2
Лоиҳа дар робита ба шумораи зиёди дархостҳои волидайн, ки чунин мушкилиҳоро доштанд, ташкил карда шуд. Пас аз баррасии имкониятҳои Фонд, рӯйхати 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо патологияи модарзодии рӯй тартиб дода шуд.
Ин амалиётҳо хубтараш бояд то 2 солагӣ  гузаронида шаванд, аммо бинобар мушкилоти молиявӣ волидон маҷбуранд амалиёти ҷарроҳиро ба  ақиб партоянд. Рӯйхат, кӯдакони калонсолро  низ дар бар мегирад, ки мехоҳанд камбудиҳои мавҷударо ислоҳ кунанд.
Фонди хайрияи “Лона” барои ташхис ва амалиёти ҷарроҳии 20 кӯдак маблағ ҷудо кардааст. Ин кӯдакон аз ташхис гузашта, барои ҷарроҳӣ бо навбат омода мешаванд.