- Подробности
- 12 Октябри 2020
- Хонда шуд: 1867 маротиб

Дар Тоҷикистон даҳҳо ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо мавҷуданд. Бо назардошти имкониятҳо, Фонди хайрияи Лона дар як сол ба чандин мактаб-интернатҳо ҷиҳати дастгирӣ намудан, ташриф меоваранд.
9 октябри соли 2020, кормандони фонди хайрияи “Лона”
ба мактаб-интернати ба номи Эргаш Ямокови ноҳияи Шаҳритуз ташриф оварданд. Дар мактаб-интернат 78 нафар қисман ятим зиндагӣ мекунанд, ки 20 нафари онҳо духтарон мебошанд. Дар ин мактаб-интернат кӯдакони аз 7 то 17-сола зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.

Фонд барои ҳар як кӯдак либоси мавсимӣ, тагпӯшак, калапуш, дастмоли рӯй, сумка ва ширини омода намуд.
Бо омадани кормандони Фонд ба мактаб-интернат тарбиятгирандагон хеле шод шуданд. Ҳар яки онҳо мехостанд бо хондани шеърҳо дар бораи модар, Ватан ва осмони осоишта миннатдории худро баён кунанд. Пас аз он, ҳамаи кӯдакон барои хӯроки нисфирӯзӣ ба ошхона рафтанд.
Директори мактаб-интернат Қурбонова Г. ба кормандони фонди хайрияи Лона барои таваҷҷӯҳ ва имкониятҳое, ки ба кӯдакон фароҳам овардаанд, ташаккур гуфтанд. Директори Фонд Бобохонов Ҷурахон ба кӯдакон саломатӣ, таҳсили хуб орзу намуда ва ба роҳбарияти мактаб-интернат барои назорат ва тарбияи хуби шогирдонашон миннатдори баён намуд. Дар ин рӯз, гарчанде ки ҳаво абрӣ буд, дили мо аз шодии кӯдакон гарм шуд.