- Подробности
- 30 Сентябри 2020
- Хонда шуд: 1159 маротиб

Азимова сарнавишти хеле душвор дорад. Падару модараш соли гузашта ба Маскав ба муҳоҷират рафта фарзандонашонро дар хонаи хешовандон гузоштанд. Бо сабаби вазъи кунунии пандемии ҷаҳон, онҳо наметавонад ба Ватан баргарданд. Осия кӯдаки зиндадилу хушҳол аст. Вай ба синну солаш нигоҳ накарда, хушмуомила, кунҷков ва оқил мебошад.
Пас аз ташхис ва муайян кардани беморӣ, хешовандони Азимова ошуфта шуданд. Бистарӣ шудан ва табобати фаврӣ талаб карда мешуд. Падару модараш дур буданд ва наздиконаш имкони ҳамроҳии ӯро ба бемористон надоштанд. Ин яке аз мушкилоти муҳими оилаи Азимовҳо буд.
Ҳамаи хешовандон, ҳатто ҳамсояҳо, Осияи хушгуфторро дӯст медоранд. Яке аз ҳамсояҳои наздик, дӯсти оила, муаллимаи мактаби миёна қарор кард, ки ба оилаи Азимовҳо дар вазъияти душворашон кумак кунад. Вай тамоми ҳуҷҷатҳо ва таҳлилҳои Осияро ҷамъ оварда, ӯро барои табобат ба шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бурд.

Азимова Осияа ба наздикӣ курси сеюми табобатро ба итмом расонид. Фонди хайрияи “Лона” ба ӯ тамоми доруҳои химиотерапӣ ва инчунин дигар доруҳои заруриро барои табобат фароҳам овард. Ҳамаи мо ба зудӣ шифо ёфтани ӯ умедворем.
Оила ба дастгирӣ ниёз дорад ва аз ҳама гуна кӯмак миннатдор хоҳад буд.