IMG b4731aa806c02fa68d03a0c8f56ce553 VБиё Наврӯз омад, шод бошем
Раҳо аз ғуссаву фарёд бошем
Дар ин дунёи танги бемуруват
Барои ҳамдигар озод бошем.
 
Воқеан, Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, ҳоло дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.  Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини  воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд. Ин ҷашн  барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст ва дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад. Боиси хушҳолу сарбаландии мост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромию ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд.
IMG c37d970a8b54984bf6613f00c5aaa8c8 V19 март Роҳбарият ва аҳли кормандони Фонди хайрияи “Лона” дар арафаи ҷашнгирии Наврӯзи соли 2020 ба шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илми саратоншиносӣ ташриф оварда, ин Иди аҷдодиро ҳамроҳи дӯстррӯякони ин муассисаи табобатӣ бо як шукӯҳи идона пешвоз гирифтанд. Барои кӯдакон дар баробари тӯҳфаҳои ширину хотирмон, зиёфати идона ороста карда шуда, таманиёти самимии муассисон ва роҳбарияти Фонд ба ҳозирин расонида шуд. Аминем, ки ин маъракаи идона ба кӯдакон ва волидайни онҳо нерӯи тозае бахшида, иқдоме дар самти шифоёбии онҳо хоҳад гардид.
IMG 2332298369ed72c41ff67387dae84e18 VАз фурсати муносиб истифода бурда Фонди хайрияи “Лона” ҳар як шаҳрванди тоҷикро аз таҳти дил бо фарорасии ҷашни  байналмилалии Наврӯз, соли нави аҷдодӣ - фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз табрик намуда, ба ҳамагон умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно менамоянд. IMG e364c3da1585c6bf420bb31554c76818 V