01Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди саратони кӯдакон Фонди хайрияи Лона дар Маркази Ҷумҳуриявии саратоншиносии шӯъбаи кӯдакона, барномаеро таҳия кард, то ин ки аҳли ҷомеъа оиди касалиҳои саратон ва оқибатҳои он хабардор гарданд. Рӯзноманигорони телевизиони кӯдаконаи Баҳористон, ки шарикони деринаи Фонд мебошанд, тасмим гирифтанд, ки ин барномаро ба навор гиранд. Сараввал мутахасисони шӯъбаи мазкур муфассал оиди аломатҳои беморӣ ва табобати он маълумот доданд. Мақсад аз таҳия ва банаворгирии барномаи телевизионии зикршуда, сари вақт муроҷиат кардани беморон ба мутахасисон ва табобати он мебошад.
Дар анҷоми барнома, кӯдаконро дар толори бози ҷамъ оварда кормандони Фонд ва духтурон ба онҳо саломати ва орзуҳои нек таманно намуда, мафҳуми ин рӯзро ба онҳо фаҳмонданд, яъне ҳар як кӯдак ва волидайни он бояд бо ин касалӣ муваффақ гардад.
Бо иҳозати духтурон ба кӯдакон шириниҳо тақсим крда шуд. 02