20191126 102020Боз як орзуи деринаи мо, баъди кӯшишҳои зиёд амалӣ гашт. Фонди хайрияи “Лона” тавонист дастгоҳи деринтизори ДЕРМАТОМ (dermatomus; derma- пӯст, tomos- бурда, қабат)-ро барои Маркази тиббии шаҳрии № 3 и шӯъбаи касалиҳои сӯхта дастрас намояд.

Ин дастгоҳ дар шӯъба нодиртарин ба ҳисоб меравад. Тавассути он духтурон метавонанд пӯсти лозимаро аз ҷойҳои сӯхта тунук ва бехавф гиранд, ки ҳамзамон дард камтар ҳис карда мешавад ва пӯсти нав зудтар барқарор мешавад. Ин дастгоҳро на танҳо духтурон балки волидайну кӯдакони сӯхта бесаброна интизор буданд.20191126 100511