04Дар арафаи соли нави 2020, Фонди хайрияи «Лона» чун ҳамасола барои болида намудани кӯдакони гирифтори бемории саратони Шуъбаи кӯдаконаи Маркази Ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, маъракаи солинавӣ баргузор намуд. Чанд рӯз пеш аз маърака аз тарафи Фонди хайрияи “Лона” барои хуш ва дилнишин гузаштани он, арчаи солинавӣ бо ороишоти солинавӣ дар толори бозии кӯдакон насб карда шуд. Намоиши солинавӣ бо қаҳрамонҳои ин ид - Бобои Барфӣ ва Барфак, ки ҳунармандони театри ба номи Маяковский мебошанд, баргузор гардид.

Кӯдакон, ки ин идро хеле интизор буданд, ҳамакаса дар гирди арчаи солинавӣ ҷамъ омада, баромади Бобои Барфиро бо шавқу сурур ва хурсандии беандоза пешвоз гирифтанд. Бобои Барфӣ ва Барфак бо кӯдакон дар гирди арча дастобадаст суруди солинавиро хонда, рақсу бозӣ карданд. Яке мехост ба Бобои Барфӣ шеър хонад, дигаре бо ӯ акс гирад ва орзуҳояшро гӯяд. Аз хандаву хурсандии кӯдакон, волидони онҳо ашки шодӣ мерехтанд. Чи хеле, ки мегӯянд: ханда умри инсонро дароз мекунад.20191225 115832

Пеш аз анҷоми барнома директори Фонд - Бобохонов Ҷурахон, ҳозиринро хайру мақдам гуфта, ба онҳо шифои комил ва таъби болида таманно намуда якҷоя бо Бобои Барфиву Барфак ва кормандони фонд тӯҳфаҳои солинавиро бар ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Маъракаи солинавӣ чун дигар чорабиниҳои идонае, ки аз ҷониби ин ташкилоти хайриявӣ ҳамасола ташкил карда мешавад, дили кӯдаконро шод гардонид. 

20191225 115918

Дар Маркази тиббии шаҳрии № 3- и шӯъбаи касалиҳои сӯхтаи кӯдакона бо назардошти вазъи саломати кӯдакони мариз, тасмим гирифта шуд, ки Бобои Барфӣ ва Барфак ба ҳар як палата даромада, фазои афсонавӣ ва идонаро ба ҳар як табобатгирандагони хурдсол расонида, барояшон туҳфаҳои солинавиро бисупоранд. Роҳбарият ва коргамандони Фонд ҳамроҳи Бобои Барфиву Барфак ҳар як кӯдаки беморро табрикоти хоса намуда, барояшон туҳфаҳои солинавию бозичаву шириниҳоро тақдим намуданд.