0319 июни соли 2019 Осия Зулфоноваи 6 сола бо 65% бадани сӯхта, ки 45 % он чуқур суӯхта буд ба Маркази тиббии шаҳрии №3 шӯъбаи касалиҳои сӯхта оварда шуд. Ӯ дар ҳолати бад қарор дошт. Ҷарроҳии аввал, аз тарафи мутахасисони беморхона гузаронида шуд. Фонди хайрияи Лона аз руи имконияташ ба у ёри мерасонид. Аз Олмон профессор, президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони пластикии Аврупо Эдгар Бимер таклиф карда шуд.

Баъди гузаронидани ташхис ӯ ҳолати Осияро вазнини муътадил баҳо дод. Аз ҳама зиёд тахтапушт, дасти чап ва пойи Осия зарар дида буд. Барои ҳамин, табобати ӯ вақти зиёдро талаб мекард. Ҷарроҳии дуввуму севум бо иштироки профессор гузаронида шуд. Ҳар се ҷарроҳи бомувафақ бе ягон мушкили гузашт. Тамоми доруворихои Осия аз ҷумҳури ва берун аз он дастрас карда мешуд. Бо шарикони Кореяги ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Москва мо тавонистем тамоми дорувориҳои лозимаро пайдо намуда барои шифо ефтани Осия пешниҳод намоем. Баъд аз чанд моҳи дарозу мушкил Осия тавонист шифо ёбад ва бе кӯмаки касе роҳ раваду худро хуб ҳис кунад. У тахти назорати духтурон қарор дорад.

Ҳоло Осияи хурдакак ба мактабравӣ тайёри дида истодааст. Ӯ орзу дорад, ки хуб хонда дар оянда духтур шавад ва беморонро табобат кунад.