IMG 5193Фонди хайрияи “Лона” чун ҳамасола бахшида ба ҷашни миллии Наврӯзи хуҷастапай барои кӯдакони бемории саратондоштаи Шуъбаи кӯдаконаиМаркази Ҷумҳуриявии саратоншиносӣ ва кӯдакони шуъбаи касалиҳои сухтаи беморхонаи шаҳрии №3 як фазои идонаи Наврӯзиро ташкил намуд. Барои болида намудани руҳи кӯдакон сарояндагони эстрадаи тоҷик Мадина Ақназарова ва Зулайхо Махмадшоева таклиф шуда буданд. Сарояндагон бо ҳар як кӯдак аксбардорӣ карда бо онҳо сурудҳои ба дил наздикро замзама карда ба қалбашон нерӯи тозае бахшиданд. Кормандони Фонд ба ҳамаи кӯдакон шифои комил таманно карда тӯҳфаҳои тайёр намудаи идонаро аз номи муассис ва роҳбарияти Фонд тақдим намуданд. Шодии кӯдакон ҳадду канор надошт.

IMG 4989