occcpoБеш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола 15 февралро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии кӯдакони гирифтори бемории саратон қайд карда мешавад. Ин сана бори аввал соли 2001 бо пешниҳоди Конфедератсияи байналмиллалии волидайни кӯдакони гирифтори саратон ворид гардида буд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон кариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд.

Кафили табобати бомуваффақи бемориҳои саратон, сари вақт  гузаронидани ташхисҳо мебошад. Ҳангоми муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон, фоизи сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Аммо даҳ фисади  беморон дар дараҷаи сеюм ошкор ёфта 8% дигар дар дараҷаи чорум ташхис меёбад.

Яке аз мушкилиҳо, зиёд будани намудҳои саратон мебошад. Тақрибан 200 ҳазор намуди беморӣ метавонанд дар дилхоҳ узви одам пайдо гарданд. Тахлил ва табобати он вакти зиедро талаб мекунад.

Хушбахтона дар асри XXI намудҳои табобати муосир метавонад қариб 70% кӯдакони беморро аз марг наҷот диҳад.