IMG 20230102 WA0002Имрӯз (29.12.2022) бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 кормандони Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе, ки дар он кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, боздид намуда, ба табобатгирандагон туҳфаҳои идонаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва лавозимоти тафреҳӣ иборат буданд, тақдим намуданд.

Муфассалтар...  

20210601 102555Барои Фонди хайрияи “Лона”, ки аз соли 2009 инҷониб  дар Ҷумурии Тоҷикистон  фаъолияти башардӯстона  дорад, аллакай ҳукми  анъана пайдо намудааст, ки  дар арафи иду  ҷашну маросимҳо барои кӯдакони мубталои бемории  саратон ва беморони навраси шуъбаи касалиҳои сухта беморхонаи №3 пойтахт чорабиниҳои мухталифи  фарҳангӣ баргузор намояд. 
Аз ҷумла, ҳарсола ҷашни “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”  бо омодагӣ ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Дар ин замина имрӯз зери сарпарастии фонд баҳри  фароғату эҷоди фазои мусоиди равонии  тифлони бемори шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабинии идона баргузор  карда шуд. Ба кӯдакони бемор бо иштироки роҳбарияту ҳайати  тиббии шуъбаи Маркази мазкур дар шакли фаҳмо   таърихи пайдошавии ҷашни “Рӯзи байналмилалии

Муфассалтар...  

IMG 20210515 WA0004Фонди хайрияи “Лона”, ки аз соли 2009 инҷониб  дар Ҷумурии Тоҷикистон  фаъолият  дорад, чун анъана, дар арафаи иду  ҷашну маросимҳо ба теъдоди муайяни намояндагони қишрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазири кишвар  кумакҳои мақсаднок  мерасонад.

Муфассалтар...  

IMG 20210408 WA0007  Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ ҳамасола 7 апрел, аз рӯзи таъсис ёфтани Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  аз соли 1948  таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи саломатӣ аз соли 1950 инҷониб анъана шудааст. Чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатие, ки дар ин рӯз гузаронида мешаванд ба он равона шудаанд, то одамон бифаҳманд, ки саломатӣ дар ҳаёти онҳо чӣ қадар аҳамияти муҳим дорад. 
Дар ин замина,

Муфассалтар...  

лого наврузЗимистон рафтаву Навруз ояд
Башорат ҳаркуҷо: Хушруз ояд!
Нидо омад зи пушти куҳи фарёд
Ки имшаб назди мо Фируз ояд
 
Наврӯз куҳантарин ва зеботарин иди мардумӣ аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.
Наврӯз иди эҳёи табиат буда рўзи нав, рўзи шодӣ, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рўзи оштӣ аст. 
Табиат ва инсон дар ин рўз ҷони тоза меёбанд. Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрўз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд аз ин рўз ва дар ин рўз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некўиро пеша кунанд. 

Муфассалтар...