Аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд: «Кадом пероҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?» Гуфт: «Номи нек». Оре, некиву накӯкорӣ аз амалҳои шоистаи инсонист, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад.
Некиву фаррохдастии кормандони Фонди хайрияи «Лона» низ дар замири даҳҳо нафар ранҷурони дармонёфта ва ё мавриди табобат қарордошта маъво гирифтааст. Ҳамаи он шахсоне, ки аз ранҷи ин бемории даҳшатбор азият мекашиданд ва дар шифоёбии онҳо саҳми Фонди хайрияи «Лона» кам нест, имрӯз аз Муассис ва кормандони он изҳори сипосу қадршиносӣ мекунанд. Акнун «Лона» барои онҳои лонаи умед гардидааст.
Сипосномаи меҳрбори наврасон ва пайвандони онҳо ба кормандони «Лона» илҳоми тоза бахшида, қадамҳои эшонро дар ин роҳи хайр боз ҳам қавитар мегардонад. Барои тақвияти андешаҳои зикршуда ба якчанд сипосномаи алоқамандони Фонд рӯ меорем:
Аз номи модарони кӯдакони мубталои бемории саратон, ки дар шӯъбаи кӯдаконаи Маркази саратоншиносии бемористони ҷумҳуриявии Қарияи Боло табобат мегиранд, ба кормандони Фонди хайрияи «Лона»!
Сипоси бепоёни моро аз номи модарон ва падарони кӯдаконе, ки бо амри тақдир ба бемории даҳшатбори саратон гирифтор шудаанд ва ҳоло бо умеди зиёд дар табобатхонаи зикршуда бо кӯмаки табибони ҳозиқу ғамхор табобат мегиранд, хоҳишмандем қабул намоед. Пӯшида нест, ки бузургтарин неъмат барои ҳар инсон саломатӣ аст. Тамоми боигариҳои дигар дар заминаи ҳамин неъмат ба даст меоянд ва аз ин ҷиҳат ҳамагуна боигарӣ дар назди саломатӣ арзиш надоранд ва Худованд онро ба касе арзонӣ ва ба дигаре қариб, ки ба қимати ҷон медиҳанд. Вале инсон аз тақдире, ки Худованд барояш насиб гардонидааст, ҳамеша бояд шукргузор ва аз ояндаи нек умедвор бошад.
Яке аз бемориҳое, ки дар гузашта ва имрӯз миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ташвишро ба миён овардааст, бемории саратон мебошад. Бо вуҷуди даҳшатовар будани ин беморӣ илми тибби имрӯза мекӯшад то роҳу усули беҳтари мубориза бар зидди онро дарёбад. Ин омил боиси пайдоиши даҳҳо номгӯи дорувориҳо гардид, ки онҳо дар нест кардан ва аз байн бурдани ин маризии шум истифода мешаванд. Боиси таассуф аст, ки ба даст овардани ин дорувориҳо дар муддати дуру дарози муолиҷа барои беморони мубталои ин беморӣ хеле гарону сангин буда, харҷи маблағи калонро тақозо мекунад. Шароити бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ барои аҳолии ҷумҳурии мо низ як қатор мушкилиҳоро ба бор овардааст. Ба болои ин агар худо накарда касе мубталои чунин беморӣ гардад, барои аҳли хонадон душвориҳои зиёдро пеш меорад.
Аз ин хотир Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои чунин ашхос пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Лекин барои бартараф намудани чунин мушкили ин кифоя нест. Дар баробари ин фонду ташкилотҳои хайриявӣ ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳе низ ҳастанд, ки бо кӯмаку дастгирии худ дар ин самт саҳмгузоранд. Аз ҷумла Фонди хайрияи «Лона» пайваста ёрии худро ба кӯдакони мубталои бемории саратон низ дареғ намедоранд. Албатта, чӣ падару модар ва чӣ кӯдакони мариз рӯҳафтода буда, ба ёрию кӯмаки ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ доимо эҳтиёҷ доранд.
Боиси хурсандист, ки инро кормандони Фонди хайрияи «Лона» хеле хуб дарк намудаанд. Шукр ба даргоҳи Худованд, ки дар ҷомеа чунин ашхоси дилсӯзу саховатпеша мисли Шумо кам нестанд. Бо кӯмаку дастгирии Шумо мо тавонистаем баъзе дорувориҳои заруриро дастрас намуда, муолиҷаи фарзандонамонро, ки мақсади асосии мост, идома диҳем.
Инчунин, Шумо бо ташкили барномаҳои консертиву намоишҳои театрӣ, тақдими шириниҳои лазиз, либосу бозичаҳои гуногун, ки ба табъи кӯдакон хушоянд аст, онҳо ва моро ба зиндагӣ дилгарм месозед. Фикр мекунем, Шумо бо ин аъмоли неку хайрхоҳонаатон савоби дучанд ба даст меоред. Тасодуфӣ нест, ки фонд «Лона» номгузорӣ шудааст. Лона манзили чӯҷагони паррандаҳо ба шумор рафта, ҷоест, ки ин чӯҷаҳоро аз хавфи нобуд шудаи эмин медорад ва табиист, ки он хонаи умеди паррандагон ва чӯҷаҳои ба тозагӣ ба дунё омадаи онҳо мебошад. Аз ин лона чӯҷаҳо бол кушода парвози нахустини худро оғоз менамоянд. Бигзор Фонди тозабунёди Шумо низ барои фарзандони мо ва дигар эҳтиёҷмандон хонаи умед гардад.
Дардовар аст, ки онҳо дар оғози зиндагӣ бо чунин мушкилии ҳузновар рӯ ба рӯ шудаанд ва бошад, ки бо кӯмаку дастгирии моддӣ ва маънавии Шумо барин инсонҳои шарафманд ва пизишкони ҳозиқу ғамхор шифо ёфта барои ояндаи ҷомеа саҳмгузор бошанд. Бо эҳтироми бепоён:
1. Баҳромова Гулибоғ
2. Одинаева Маҳбуба
3. Алиева Меҳриниссо
4. Эшмуродова Шоҳсанам
5. Эшмуродова Бибӣ
6. Бобомуродова Бахтигул
7. Юлдошова Б.
8. Шеров Б.
9. Асророва М.
10. Фархуддинова Иғболбӣ
11. Ашӯрова Нодира
12. Саидов Муборак
13. Рафиева Моҳпочо
14. Назарова Мавлуда
15. Холиқов Исматулло
16. Маҳмуродова Латофат
17. Гулоева Бунафша
Эзоҳ: Дар дастхати сипоснома имзои ҳамаи 17 нафар гузошта шудааст.