med 1Хизматрасонӣ ба беморони гирифтори саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1963 дар бинои 10-уми беморхонаи Қарияи - боло ташкил карда шуда, ба беморон табобати махсусгардонидашударо мерасонад. Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №9415 аз саннаи 07.09.2006с. ва қарори Вазороти Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №604 аз санаи 26.10.2006с. ба муассисаи Давлатии Маркази “Ҷумҳуриявии Илмии Саратоншиносӣ”-и Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Марказ дорои 235 кат буда, дар он ҳафт шуъба аз қабили шӯъбаи бемориҳои онкопроктоурологӣ - 35 кат, репродуктивӣ - 25 кат, шӯъбаи саратоншиносии кӯдакона - 30 кат, шӯъбаи умумӣ - 35 кат, шӯъбаи химиё - 35 кат, шӯъбаи торокоабдоминалӣ - 35 кат ва шӯъбаи муолиҷаи нурӣ - 40 кат амал мекунанд.

med 2Марказ беморонро аз тамоми гушаю канори Ҷумхурӣ қабул намуда ба онҳо табобати махсусгардонидашудаи саратониро мерасонанд. Ба ғайр аз ин дар марказ дармонгоҳи консултативӣ амал мекунад, ки дар як рӯз қобилияти ташхис намудани зиёда аз 250 беморро дорад. Дар марказ лабораторияи гистологӣ, ташхисгоҳи имунно-гистохимиёвӣ амал менамояд, ки боиси хеле осон шудани ташхис ва гузаронии морфологӣ баъди амалиёти ҷарроҳӣ мегардад.

Шӯъбаи кӯдаконаи маркази илмии саратоншиносӣ соли 1987 ташкил карда шуд. Кормандони асосии шӯъбаи кӯдакона иборат аз 6-духтур ва 6-ҳамшира мебошад. Дар шӯъбаи кӯдакона ба кӯдакони гирифтори саратон табобати химиёвӣ, табобати нурӣ ва ҷарроҳӣ расонида мешавад.