Фонди хайрияи “Лона” аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҳамкориҳои судмандро бо ташкилоту муассисаҳои гуногун инкишоф медиҳад. Дар ин замина барои ҳамкориҳои муфид бо шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беморхонаи шаҳрии №3 дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гузошта шуда аст.
 
Дар муддати 10 соли фаъолият, Фонд ба кӯдакони аз оилаҳои ниёзманде, ки гирифтори саратон ва баданашон сӯхта аст кӯмак менамояд.
 
Дар заминаи ҳамкориҳо ба шӯъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва шӯъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 номгӯи мушаххаси доруворӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид мегардонад, ки ҳамаи ин ба беҳдошти вазъи саломатии беморон 
нигаронида шудааст.
Тақсимоти чандкаратаи маводи кимиёвӣ барои кӯдакони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, ки дар шӯъбаи кӯдаконаи Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ табобат меёбанд амали мегардад. Кӯдакон ҳамаи курсҳои кимиёвиро бо дастгирии Фонд мегузаранд.
 
Дар баробари ин Фонди хайрияи “Лона”, тавассути роҳандозӣ кардани иқдомҳои мухталиф аз қабили аксияву барномаҳое чун “Табассум”, “Нигоҳи меҳр”, “Фардо хуршед меояд” ва ғайра ёрии худро ба беморон мерасонад.
 
Фонди хайрияи “Лона” тасмим дорад, ки дар оянда мувофиқи дурнамо доираи фаъолияти худро васеъ намуда, ба ин васила дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ филиалҳои худро кушояд ва кӯмакрасони эҳтиёҷмандон бошад. Инчунин дар пойтахти Тоҷикистон як маркази кӯдаконаи онкологӣ ва гемотологӣ таъсис диҳад. Барои амалӣ гаштани ин иқдоми хайрхоҳона фонди мазкур ба дастгирии ширкату корхонаҳо, ташкилоту муассиса ва соҳибкорону шахсони саховатпеша умед мебандад.