tabФарзанд ҳамчун меваи умр барои ҳар як инсон азизу гиромӣ ва беҳтар аз ҷон аст. Зиндагӣ вақте ширину гуворост, ки дар он садои хандаи беғаши тифлона танинандоз бошад. Ва бешубҳа, ҳама суруру шодмонӣ бе тансиҳатии комил маъние надоранд. Бе солимии тану рӯҳ рангиниҳои ҳаёт ҷилои худро гум мекунанд. Бахусус, агар дар оила тифл ё наврасе бемор бошад. Мутаассифона, нишондодҳои оморӣ баёнгари онанд, ки солҳои охир шумораи хурдсолони гирифтори намудҳои гуногуни бемории саратон дар ҷомеа рӯ ба афзоиш аст.

Ошкоршавии чунин маризӣ худ мусибатест барои ҳар хонадон, ки оромиву хушиҳои рӯзгорро аз байн мебарад. Волидону наздикони нафари бемор барои табобат ва шифо ёфтани ӯ аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи хеш истифода мебаранд. Одатан табобати чунин беморон душвор буда, хароҷоти зиёдро талаб мекунад.

Бо назардошти ин омил мақсаду мароми асосии Фонди хайрияи «Лона» кӯмаку дастгирии тифлону наврасони мубтало ба бемориҳои саратон ва баданашон сӯхта ҷиҳати ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани онҳо мебошад. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки ин худ як лонаи умедест барои дармондагону эҳтиёҷмандон. Он воқеан ҳам лонаи умеду боварӣ ва дилгармии маризону пайвандони онҳо ба ояндаи нек мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки Фонди хайрияи «Лона» соли 2009 таъсис ёфта, дар муддати фаъолияти худ ҷиҳати ёрии амалӣ ба кӯдакони  гирифтори бемориҳои саратон ва сӯхта корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Инчунин Фонд оилаҳои ниёзманд, интернатҳо, хонаи пиронсолон ва ятимхонаҳоро дастгирӣ менамояд.

Бешубҳа, зимни шиносоӣ бо дигар саҳифаҳои сомонаи мазкур Шумо ба ин боварӣ ҳосил хоҳед кард.