IMG 20230102 WA0002Имрӯз (29.12.2022) бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 кормандони Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе, ки дар он кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, боздид намуда, ба табобатгирандагон туҳфаҳои идонаи фондро, ки аз анвои ширинӣ ва лавозимоти тафреҳӣ иборат буданд, тақдим намуданд. Кӯдакон ва волидайни онҳо аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Фонди “Лона” изҳори қаноатмандӣ карда, барои кормандони он миннатдории самимии худро иброз намуданд.
Ин анъанаи неки Фонди хайрияи “Лона” дар ҳама иду ҷашнҳои миллию давлатӣ сурат гирифта, кормандони он дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ба Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3 ташриф меоранд ва бо тақдими туҳфаҳои идона таваҷҷуҳи вижаи худро ба кӯдакон иброз менамоянд ва боздиди имрӯза низ идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардидаи фонд ба ҳисоб меравад.IMG 20230102 WA0021
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона Фонди хайрияи “Лона” бо истифода аз фурсат ҳамагонро ба муносибати Соли Нави 2023 таҳният гуфта, ба тамоми беморон шифои комил таманно менамояд.
IMG 20220601 WA0023Имрӯз, 1 июни соли 2022 бо ташаббус ва дастгирии молиявии  Фонди хайрияи “Лона” бахшида ба  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Шуъбаи cаратоншиносии кӯдаконаи  Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи касалиҳои баданашон сӯхтаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 (ш. Душанбе) чорабиниҳои ҷашнӣ баргузор карда шуданд.

Подробнее...  

1640835669453Имрӯз (28.12.2021) бахшида ба Соли Нави 2022 масъулини Фонди хайрияи “Лона” аз Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва Шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №3, ки дар он ҷо кӯдакони баданашон сӯхта табобат мегиранд, дидан намуда,

Подробнее...  

IMG 20210909 WA0004Фонди хайрияи "Лона"  ҳамватанони азизро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукофоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно менамояд.

Подробнее...  

 
20210601 102555
Для благотворительного фонда  “Лона”, который функционирует в Республике Таджикистан с 2009 года стало уже традицией, на кануне официальных и национальных праздников  организовывать различные культурно-развлекательные мероприятия для  детей с онкологическими заболеваниями и пациентов ожогового отделения столичной  клинической больницы №3. 
В частности, ежегодно, с особым торжеством  отмечается Международный день защиты детей. 

Подробнее...