huseynov

 

Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло

 

Директори Муассисаи Давлатии

«Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ВТҲИА ҶТ

 

Телефон: (+992) 37 2351912

E–mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 Шарҳи ҳол

Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло 24 феврали соли 1969 дар оилаи муалимони шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Милаташ тоҷик. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 2 ба номи Садридин Айнии  ш. Ҳисор соли 1986 ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Точикистон ба номи Абуалӣ ибн Сино дохил шуда, соли 1992 онро хатм намуд. Аз моҳи августи соли 1992 то ин ҷониб дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.

Аз соли 1992 то сентябри соли 1998 ба сифати ҷарроҳ саратоншиноси омосҳои сару гардан дар дармонгоҳ ва шуъбаи ҷарроҳии торакалии Марказ фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1998 то январи 2006 сол ба ҳайси мудири шўъбаи умумии саратоншиносии Марказ кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2006 то марти 2007 ба сифати муовини сардухтури Маркази номбурда фаъолият намуд. Моҳи марти соли 2007 мувофиқи фармони Вазири тандурустӣ ба вазифаи муовини директор ва аз августи 2011 сол директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуривии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳусейнзода З.Ҳ. дар давоми фаъолияти кориаш доимо барои баланд бардоштани дараҷаи донишу малакаи касбиаш кўшиш менамояд. Соли 1993 тахассуси касбиро оид ба илми саратоншиносӣ дар кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абуали ибн Сино гирифт. Солҳои 1996-1998 ординтураи клиникиро дар  кафедраи онкологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино гузаштааст. Борҳо дар Маркази илмии саратоншиносии Федератсияи Россия ба номи Н.Н.Блохини ш. Москва курсҳои таҷрибаомўзиро гузаштааст.

Аз соли 1998 то соли 2002 дар аспирантураи ғоибонаи кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил намуда, моҳи апрели соли 2004 рисолаи номзадиро ҳимоя намуд.

Аз соли 2005 то 2009 сол дар докторантураи ғоибонаи МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» таҳсил намуда, 6 апрели 2012 сол дар Маркази илмии саратоншиносии ба номи Н.Н.Блохин, ш.Москва, Федератсияи Руссия рисолаи докториро ҳимоя намудааст.

Аз соли 2003 довари Барномаи амрикоии «Ҳифзи ҳуқуқи беморон», ки ба гузаронидани лексия ва семинарҳо оиди ҳуқуқи беморон машғул аст. Аз соли 2004 ў ҳамчун эксперт ва роҳбари Барномаи «Ёрии паллиативӣ ҳангоми бемории саратон», ки зери назорати фонди Сорос амал мекунад, фаъолият дорад.

Дар баробари кори табобатӣ ва роҳбарӣ Ҳусейнзода З.Ҳ. ба кори таълимии аспирантҳо машғул мебошад.
Ҳусейнзода З.Ҳ. зиёда аз 124 мақолаи илмӣ, 4 пешниҳоди ратсионализаторӣ дошта, муаллифи 8 дастурамали соҳаи саратоншиносӣ мебошад.

Бо пешниҳоди кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Ҳусейнзода З.Ҳ. соли 2008 бо нишонаи ”Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида  шуд (№629).  Соли 2013 бо фармони Вазорати тандурустӣ барои дастгирии соҳаи тандурустии кудакон дар ҶТ бо медали “Авитсена” сарфароз гардонида шуд. Соли 2015 бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст (10.08.2015 с., №530).

Аз соли 2011 раиси ячейкаи ибтидоии Хизби халқи демократии Тоҷикистон буда, бо ифтихорномаи Хизб чанд маротиба сарфроз гардидааст.

Дар муддати фаъолияти кориаш Ҳусейнзода З.Ҳ. худро ҳамчун табиби баландихтисос, ташкилотчии хуб, ҷарроҳи пуртаҷриба ва фаъол дар соҳаи саратоншиносӣ нишон додааст. Техникаи душвори ҷарроҳӣ ва барқарокунии пластикии пўст ва бофтаҳои мулоимро ба роҳ монда, ҷарроҳиҳои мураккаби саратони сар, гардан, пўст, бофтаҳои мулоим ва устухонҳоро дар дараҷаи олӣ мегузаронад. Принсипи асосии кории Ҳусейнзода З.Ҳ. ин муомилаи эҳтиёткоронаи ӯ бо беморон ва кормандон мебошад. Ҳангоми фаъолияти корӣ, аз тарафи Ҳусейнзода З.Ҳ. вайронкунии этикаи табиб ба назар нарасид ва дар ҳолатҳои даркорӣ дастгири ҳамкорон мебошад.

{tab Фаъолияти корӣ}

1986 – 1992   Донишҷӯи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибн Сино факултаи табобатӣ
1992 – 1996   Онкодиспансери Ҷумҳуриявӣ – духтур онкохирург.
1993               Курси мутахасисӣ оид ба онкология.
1996 – 1998   Кафедраи онкологияи ДДТТ – ординатураи клиникӣ.
1998 – 2006   Марказӣ Ҷумҳуриявии Онкология – мудири шӯъбаи онкологияи умумӣ.
1998 – 2002   Кафедраи онкологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибн Сино – аспирантураи ғоибона.
2005 – 2009   Докторанти ғоибонаи Маркази илмии саратоншиносӣ.
2006 – 2007   Марказӣ ҷумҳуриявии Онкология – муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавӣ.
2007 – 2011   Муассисаи Давлатии “Маркази илмии саратоншиносӣ” ВТҶТ – муовини директор оид ба корҳои муолиҷавӣ.
Аз 08.08.2011с. то ин ҷониб - директори Муассисаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ВТҶТ